Корхонаи коркарди картошкаи Погар.

Корхонаи коркарди картошкаи Погар, ширкати тавлидкунанда, ки пораҳои хушконида шудаи картошкаро тавлид мекунад ҳавасманд аст, ки тамосҳои корӣ дошта бошад. Барои ҳамкориҳои барои ҳарду тараф судманд ва муваффақона Шуморо даъват мекунем.

Ба Погар хуш омадед!

Погарро бе киштзорҳои картошка тасаввур кардан мушкил аст. Дар ин ҷо нашъунамои картошка хеле дар шароити хуби табии қарор дорад: замини ҳосилхез; фаровонии об; шуои офтоб; ҳавои тоза ва меҳнаткаш будани мардуми таҳҷоӣ боис мешавад то картошка хуб нумӯ кунад.

Корхона фақат картошка мепарварад ва онро коркард мекунад.

Парвариши картошка бо қувваи худӣ дар заминҳои хусусӣ ва иҷоравӣ анҷом меёбад, ки фосила миёна аз 70 км. бештар намебошад.

Мо мукаммал бо техникаи ҳозиразамони киштукори картошка, ҷамъоварии ҳосил, ҳамлунақли картошка ва коркарди боқимондаҳои тавлидот муҷаҳҳаз мебошем.

Картошкаро дар 6 анбор ғунҷоиш медиҳем, ки онҳо 40 ҳазор тонн картошкаро зарфи сол дар худ меғунҷонанд.

Тавлид – коркарди картошка ба навъи пораҳои картошкаи зудпаз солона ба 12 ҳазор тонн мерасад.